ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Дар шаш моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 4,4% афзуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар дод.
"Дар шаш моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё нисбат ба моҳҳои январ-апрели соли 2023, 4,4% афзоиш ёфтааст", - омадааст дар гузориш.
Зимнан, афзоиши истеҳсолоти маҳсулоти саноатӣ дар кишварҳои иттиҳод чунин аст:
Белорус – 7,1%;
Қазоқистон – 2,8%;
Арманистон –18,2%;
Русия – 4,4%;
Қирғизистон – 1%.
Калонтарин истеҳсолкунандаи маҳсулоти саноатӣ дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё Русия мебошад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки ИИАО сармоягузорӣ ба соҳаи саноатро ҳавасманд хоҳад кард.
Феълан узви иттиҳод Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия мебошанд.