ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Вазорати дифои Русия хабар дод, ки артиши Русия нерӯҳоеяшро, ки бо нерӯҳои украинӣ дар ноҳияи Суджански вилояти Курск даргир шуданд ба маротиб афзоиш хоҳад дод.
“Корвонҳои, ки ба минтақаҳои ҷанг ҳаракат доранд, аз системаҳои чандгонаи "БМ-21 Град", тӯпҳо, танкҳои, мошинҳои зиреҳпӯш, мошинҳои "Урал" ва "КамАЗ" бо сарбозонро дар бар мегиранд”, гуфт вазорати дифоъ.
Илова бар ин, вазорати дифоъ наворҳои истиқрори воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳ дар вилояти Курскро нашр кардааст.
Кӯшиши ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба вилояти Курск
Субҳи 6 август нирӯҳои украинӣ талош карданд, як бахше аз қаламрави ноҳияи Суджански вилояти Курскро тасарруф кунанд.
Тавре сардори ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия Валерий Герасимов рӯзи чаҳоршанбе ба раисиҷумҳур гузориш дод, низомиёни Русия пешравии нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро дар минтақа боздоштанд. Вай таъкид кард, ки амалиёт дар вилояти Курск бо шикасти душман бозгашт ба марзи давлатӣ анҷом меёбад.
Ба иттилои вазорати дифоъ, душман дар набардҳо дар минтақа аллакай то 945 нафар ва 102 мошини зиреҳпӯшро аз даст додааст.
Кумитаи тафтишот мегӯяд, дар ҷараёни кӯшиши ҳамла ба нерӯҳои мусаллаҳи Украина, даҳҳо ғайринизомӣ сокинони маҳалии Русия ва ҳамчунин низомиён захмӣ шудаанд. Ба гуфтаи иҷрокунандаи вазифаи муовини волии вилояти Курск Андрей Белостотский, чаҳор нафар ба ҳалокат расидаанд. Шумораи кӯдакони осебдида ба 9 нафар расид.
Дар вилояти Курск режими фавкулоддаи федералӣ чорӣ карда шуд.