Машварати Лукашенко ба Рамазон Раҳимзода ва ҳамтоёнаш аз ИДМ: Аз Русия дур нашавед

Раисҷумҳури Белорус ба кишварҳои ИДМ, ки бинобар таҳримҳои кишварҳои Ғарб аз ҳамкорӣ бо Русия худро канор мегиранд, ҳушдор дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 авг - Sputnik. Раисҷумҳури Белорус Александр Лукашенко ба кишварҳое, ки дар ҷустуҷӯи имтиёзҳо ҳастанд ва ба далели таҳримҳои зидди Русия бо ин кишвар ҳамкорӣ намекунанд, ҳушдор дод, иттилоъ додааст хабаргузории “Белта”.
"Ман бо роҳбарони СПАД, ИДМ – мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зуд-зуд дидор мекунам ва бо онҳо суҳбатҳои ошкоро дорем. Мо мардем, руирост гап мезанем, ки "вақтҳои охир вазъияте ба амал омад, ки аз ҷумла дар робита ба гузаронидани амалиёти вижаи Русия дар Украина, ки бисёриҳо — ҳам роҳбарон ва ҳам амниятиҳо, ки бояд умуман ин кор намбошад, барои худ суд меҷӯянд”, - гуфт Лукашенко дар мулоқот бо вазирони корҳои дохилии кишварҳои ИДМ.
Вай ёдовар шуд, ки ҳаёти имрӯза "хеле буҳрониву тағйирёбанда" шудааст.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Ҳушдори Лукашенко аз хатари ҳастаӣ
"Бисёриҳо дар пайи суди худ ҳастанд, аз ҷумла аз тамоюли умумии рушди мо, ки дар замони шӯравӣ ба вуҷуд омада буд. Баъзеҳо (фикр мекунанд): "Мо аз Русия дур хоҳем буд, он зери таҳрим аст. Мо аз таҳримҳо метарсем, ки мабодо зери онҳо науфтем ва ғайра... Мо суди худро меҷӯем. Ин корро накунед", - таъкид кард раҳбари Белорус.
Лукашенко таъкид кард, ки зиндагӣ хеле тағйирёбанда аст ва касе намедонад, ки вазъ чӣ гуна хоҳад шуд.
"Кӣ медонад, ки фардо бо мо ва давлатҳои мо чӣ мешавад ва шояд мо ба Русия муроҷиат кунем ва рӯйдодҳои охир нишон медиҳанд, ки ба мо на ба касе лозим нестем. Мо бояд якҷо бошем", — гуфт рохбари Белорус.