Тавлиди шир дар кишварҳои узви ИИАО афзоиш ёфт

Производство молочных продуктов, архивное фото
Комиссия иқтисодии АвруОсиё омори дақиқ дар бораи тавлиди ширро дар нимсолаи якуми соли равон нашр кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 август — Sputnik. Дар тамоми кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё, ба истиснои Арманистон, истеҳсоли шир афзоиш ёфтааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё.
Департаменти омори ин Комиссия маълумотро барои моҳҳои январ - июни соли ҷорӣ ва муқоиса бо ҳамин давраи соли 2023 нашр кард.
Тавлиди умумии шир 24132,9 хазор тоннаро ташкил дода, 2,4% афзоиш ёфтааст.
Уборка овощей
Ҳосили кишоварзӣ дар ҳудуди кишварҳои ИИАО афзоиш ёфт
Тавлидот дар кишварҳои ИИАО:
Арманистон – 332 ҳазор тонна (-3,6%);
Белорус – 4410,2 ҳазор тонна (+7%);
Қазоқистон – 1726,8 ҳазор тонна (+4,3%);
Қирғизистон – 838,8 ҳазор тонна (+2,7%);
Русия – 16825,1 ҳазор тонна (+1,1%).
Дар моҳҳои январ-июни соли 2024 истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар кишварҳои ИИАО нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2% афзуд. Комиссия илова кардааст, ки афзоиш дар ҳамаи кишварҳои узви иттиҳод мушоҳида шудааст.