ДУШАНБЕ, 7 июл – Spunik. Ҳалимҷон Ҳоҷиев, муовини сардори Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд гуфт, ҳаҷми ҷоришавии об дар дарёи “Хоҷабоқирғон” ва “Исфара” – ду дарёи бузурги наздимарзӣ дар муқоиса ба солҳои қаблӣ ба маротиб беҳтар шудааст.
Ӯ, гуфт, агар аз як ҷониб ин натиҷаи кори комиссияи байнидавлатӣ ва ҳамкории дуҷониба аст, омили дувум ин таъсири худи табиат аст, ки боиси беҳтаршавии вазъи обрасонӣ гардидааст.
“Ман ҳоло гуфта метавонам, ки ҳам таъсири табиат ва ҳам натиҷаи муносибаҳои неки байнидавлатӣ Тоҷикистону Қирғизистон ба вазъи обрасонӣ мусоидат намудааст. Дар оянда низ мо бо ин роҳ ҳамкориҳоро пеш мебарем” – зикр кард, Ҳоҷиев.
Канали "Хоҷабоқирғон"-и вилояти Суғд, ки дар марз бо навоҳии Қирғизистон ҷойгир аст, имкони ҷори намудани беш аз 10 куб обро дорад.
Ин наҳр пурра моли Тоҷикистон мебошад ва ҳанӯз соли 1953 барои обёрии заминҳои кишварзии ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулови вилояти Суғд сохта шудааст.
Обе, ки аз ин наҳр ҷорӣ мешавад, тибқи санадҳои имзошудаи байнидавлатӣ 71% ҳаққи Тоҷикистон ва 29% -и дигар ҳаққи ҳамсоякишварҳо, аз ҷумла Ӯзбекистон ва Қирғизистон гуфта мешавад.
Ҳудуди 14 ҳазор га заминҳои пахта ва дигар зироати сокинон аз тариқи ҳамин канал обёрӣ мешавад.
Ҳоло аз ҳисоби оби ҷоришавандаи ин наҳр сокинони наздимарзии навоҳии Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон обёрии киштзорҳояшонро ба роҳ мемонанд.
Ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ва Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон навоҳии наздимарзии аграрӣ буда, умдатан сокинони онҳо аз ҳисоби кишту парвариши пахтаву пиёз ва боғи зардолу рӯзӣ ба даст меоранд.