ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Тоҷикистон интиқоли нерӯи барқ ба кишварҳои хориҷиро коҳиш додааст. Дар ин бора ширкати “Барқи тоҷик” хабар медиҳад.
Мувофиқи маълумоти ин ширкат, Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон ба ҳаҷми содироти нерӯи барқ ба хориҷи кишварро нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 дар ҳаҷми 255,3 млн. кВт. соат кам карда.
Ба иттилои манбаъ, дар маҷмуъ ба хориҷ 715,9 млн. кВт. соат ба маблағи 27,3 млн. доллар фурӯхта шудааст.
Ширкати “Барқи тоҷик” қайд кардааст, ки неруи барқ асосан ба Афғонистон дар ҳаҷми 580,1 млн. кВт. соат ва ба Узбекистон дар ҳаҷми 135,7 млн. кВт.соат интиқол дода шуд.
Тибқи маълумоти ин ширкат дар нимсолаи аввали соли 2024 дар дохили ҷумҳурӣ 9 млрд. 399,8 млн. кВт. соат ба маблағи 1470,2 млн. сомонӣ неруи барқ ба фурўш баровардааст.
“Аз ҷумла ба ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” – 353,7 млн. кВт. соат ба маблағи 55,3 млн. сомонӣ ва ба ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” – 9 млрд. 46 млн.кВт.соат ба маблағи 1414,9 млн. сомонӣ интиқол дода шудааст”, - қайд кард ин ширкат.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон интиқоли нерӯи барқ ба кишварҳои хориҷиро дар соли 2023 низ коҳиш дода буд.
Дар соли 2023 ҷумҳурӣ ба хориҷ 2,7 млрд кв соат соат нерӯи барқ содир карда буд.