Вазир гуфт, ки Тоҷикистон ба чанд табиб ниёз дорад

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз масъалаи камбуди табибон дар соҳа гуфт, ки он мизони коҳиш дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон мизони норасоии кадрӣ дар умури тандурустӣ каме коҳиш ёфтааст.
Дар ин бора вазири тандурустии кишвар, Ҷамолиддин Абдуллозода зимни нишасти хабарияш иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар кишвар 1966 табиб ва 387 корманди миёнаи тиб намерасад.
Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ муттаносибан 332 ва 188-то камтар аст.
Абдуллозода норасоии табибонро дар шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо тавзеҳ дода, гуфт, аз ҷумла дар Душанбе - 154 табиб ва 75 ҳамшираи тиб намерасад.
Норасоии табибон дар Хатлон - 720 табиб баробар буда, масъалаи норасоии ҳамшираи шавқат дар вилоят пурра ҳал шудааст, гуфт вазир.
Дар Суғд фавт аз ВНМО бештар шудааст: шарҳи табиб дар бораи сироятёбӣ
Суғд ба 533 табиб ва 72 ҳамшираи тиб ва ноҳияҳои тобеи марказ ба 343 табибу 147 ҳамшираи шафқат ниёз дорад. Боқимонда омори норасоии кадрӣ ба ниҳодҳое, ки дар назди худ беморхона доранд, рост меояд.
Ба иттилои Вазорати тандурустӣ, дар кишвар феълан 21,6 ҳазор табиб фаъолият дошта, беш аз 91%-и воҳидҳои корӣ банд мебошанд.
Теъдоди кормандони миёнаи тиб наздики 62,5 ҳазор нафаранд, ки ҳудуди 99%-и воҳидҳои кории мавҷударо ташкил медиҳанд, афзуд манбаъ.
Вазир гуфт, ки ин камбудро метавон аз ҳисоби хатмакунандагон, ки беш аз ду ҳазор нафар аст, рафъ кард, аммо на ҳама ба ҷойҳои кории холӣ мераванд.
Ӯ афзуд, ки ҳар донишҷӯе, ки бо маблағгузории давлат таҳсил кард, дар минтақаи худ ҳатман кор мекунад, аммо афроде, ки тариқи шартнома таҳсил карданд, наметавонанд маҷбур ба кор кунанд.
Дар ҳамин ҳол вай афзуд, ки зимни тақсимот ба ҳама баробар ҷойҳои корӣ ироа мешавад ва тавсияҳо дода мешавад.