Дар Тоҷикистон маърака каму нақзи Қонуни танзим бамаротиб афзуд

Дар Тоҷикистон шумораи маъракаҳо ба маротиб камтар шуда, аммо нақзи Қонуни танзим 458 ҳолат нисбат ба гузашта афзоиш ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” зарфи шаш моҳ 877 маротиба нақз шудааст.
Дар ин бора зимни нишасти хабарии ҳисоботӣ раиси Кумитаи дин Сулаймон Давлатзода хабар дод.
Нақзи ин қонун дар кишвар як баробар бештар шудааст, зеро дар ҳамин давраи соли 2023 омор ба 419 ҳолат мерасид.
Ин ҳам дар ҳолест, ки тайи шаш моҳ 3176 маърака камтар нисбат ба соли қаблӣ доир шудааст.
Ба гузориши Кумитаи, дар умум дар ин давра сокинони 40661 маърака доир кардаанд.
Раиси ин ниҳод зикр кард, ки дар маҷмӯъ беш аз 12,2 ҳазор санҷиш гузаронида шуда, 885 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардид, ки аз ин теъдод вобаста ба 877 ҳолат ҷазо таъин гардида, 8 парванда қатъ карда шудааст.
Тибқи маълумоти мазкур маблағи умумии ҷаримаҳои аз ҷониби мақомоти судӣ таъингардида беш аз 6 млн сомонро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор зиёда аз 3,1млн сомонӣ рӯёнида шудааст.
Пурра манъ нест: Раиси Кумитаи дин идгардаки кӯдаконро шарҳ дод
Ёдовар мешавем, ки қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим" дар Тоҷикистон соли 2007 қабул шуда буд.
Он ба коҳиши хароҷоти молӣ ва теъдоди меҳмонон дар маросиму идҳо ва ба ин васила ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми кишвар равона шудааст.
Ёдрас мешавем, ки соли 2021 маблағи ҷарима барои нақзи Қонуни танзим боло бурда шуд ва ҳамчунин ба баъзе бандҳои он соли 2024 тағйироту иловаҳо ворид шуд.