Мақомот шарҳ дод, ки барои чӣ гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ гарон шуд

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯяд нархи миёнаи воридоти гази моеъ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 69 фоиз афзоиш ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 133 миллион доллар гази моеъ харидорӣ шудааст.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ масъулини Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои Хадамот дар шаш моҳи имсол аз ҷониби 14 субъект ба ҷумҳурӣ 195,45 ҳазор тонна гази моеъ ба маблағи 133 млну 100 ҳазор доллар бо нархи миёнаи 681 доллар барои як тонна ворид шуд.
Ба иттилои манбаъ ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 ҳазору 300 тонна кам ва нархи миёнаи воридоти он нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 ба ҳисоби миёна 278 доллар ё ба андозаи 69 фоиз афзоиш ёфтааст.
Ҷаҳиши нархи гази моеъ дар Тоҷикистон идома дорад
Тибқи иттилои Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, ба ҷумҳурӣ 94,2 фоиз гази моеъ аз Қазоқистон, 4,2 фоиз аз Русия ва 1,6 фоиз аз Узбекистон ворид шудааст.
Гази моеъро ба Тоҷикистон ширкатҳои "Темур ойл" бо ҳиссаи 21,2%, "Аллат" 10%, "Октан сервис" 9,9%, "Ирис" 8,3%, "Газпромнефт Тоҷикистон" 8,1%, "Эмом импорт экспорт" 8%, "Баҳор" 6,5%, "Мабдаи Нур" 6,2%, "Каёнуш таъминот" 6 ва дигар субъектҳо 15,7% ворид намудаанд.