Никарагуа мехоҳад дар ИИАО кишвари нозир шавад

Давлати Никарагуа дар оянда ният дорад, ҳамкориҳояшро бо Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва БРИКС тақвият бахшад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Никарагуа омодааст аст, дар ИИАО кишвари нозир шавад, иттилоъ додааст рӯзномаи “Известия” дар истинод ба президенти банки марказии ин кишвари Амрикои Лотинӣ Леонардо Овидио Рейес Рамирес.
Ба гуфтаи вай, аллакай бо ИИАО то соли 2027 созишномаи ҳамкорӣ дорад ва гардиши мол миёни Никарагуа ва кишварҳои ИИАО дар ҳоли афзоиш аст.
Оқои леонардо гуфт, ки ҳамкории шарикӣ то ҳол бештар бо Русия ва Беларус вуҷуд дорад.
Никарагуа бо Минск дар бобати парвариши картошка ҳамкорӣ мекунад ва ин кишвар омодааст, ки маҳсулоти кишоварзиашро барои содирот пешниход кунад.
Шӯрои Федератсияи Русия: Аҳамият ба ИИАО бештар шудааст
“Никарагуа ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия) ва инчунин дар оянда ба даст овардани мақоми нозир дар ин созмон манфиатдор аст”,- гуфт Леонардо Овидио Рейес Рамирес.
Вай афзуд, ки Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё як имконест, ки Никарагуа ба фазои дигари тиҷоратӣ дастрасӣ пайдо кунад, то молу маҳсулоти худро ба кишварҳои узви ин иттиҳодия содирот кунад.