ДУШАНБЕ, 31июл — Sputnik. Созишнома дар бораи минтақаи тиҷорати озод байни Ҳиндустон ва Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) метавонад дар як муддати кӯтоҳ бо дастгирии роҳбарияти кишварҳо ба имзо расад.
Дар ин бора мудири кулли Федератсияи ташкилотҳои содиротии Ҳиндустон (дар вазорати савдо ва саноати Хиндустон таъсис ёфтааст) Ажай Сахай изҳори назар кард.
"Музокирот дар бораи созишнома аллакай оғоз шудааст, мо бо Арманистон, Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон ва Русия музокира дорем", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи вай, барои бастани чунин созишномаҳо маъмулан вақти зиёд лозим аст.
"Аммо ҳамааш ба мудирияти олӣ вобаста аст, зеро агар роҳбарияти олӣ хеле равшан бошад, ин гуна гуфтушунидро дар муддати хеле кӯтоҳ анҷом додан мумкин аст ва созишномаи тиҷорати озод метавонад дар муддати хеле кӯтоҳ баста шавад" гуфт Сахай.
Вай қайд кард, ки музокиракунандагон 90 дарсади масъалаҳоро мустақиман ҳал мекунанд, аммо тасмим дар 10 дарсади он, ки хеле муҳим аст, ба дӯши раҳбарияти кишварҳо вогузор шудааст.
Ба гуфтаи Сахай, созишнома дар бораи минтақаи тиҷорати озод байни Ҳиндустон ва ИИАО барои тиҷорати ҳарду ҷониб судманд хоҳад буд.
"Фарз мекунем, ки низоми сифрӣ ҷорӣ шавад, дар ин сурат молҳое, ки аз Ҳиндустон содир мешаванд, боҷи сифрӣ гирифта мешавад, ин барои тиҷорат хеле судманд аст ва истеъмолкунанда ҳам фоида мегирад", - боварӣ дорад коршинос.