“Ҳалқаҳои дарсҳои динӣ дар Русия” – шарҳи раиси Кумитаи дин

Тоҷикистону Русия дар амри ҷилавгирӣ аз таълими ғайриқонунии дин дар миёни муҳоҷирини меҳнатӣ ҳамкорӣ мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Зоҳиран таълими хонагӣ ё ғайриқонунии динӣ аз Тоҷикистон ба Русия кӯч кардааст.
Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон, дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон дар бораи ҳамкориҳо бо Русия, гуфт, ду кишвар барои ҷилавгирӣ аз ифротишавии муҳоҷирини меҳнатӣ ҳамкориҳои танготанг доранд.
“Он чӣ аз таҳаввулот дар Русия мебинем, муҳоҷирини меҳнатии мо тариқи шабакаҳои интернетӣ дастхуши таблиғоти гуруҳҳои ифротӣ мешаванд ва ноогоҳ аз кори ҷаҳон ба доми ин гуруҳҳо меафтанд. Ин вазъ худ тақозо мекунад, ки мо бо муфтиёт ва мақомоти зидахли Русия вориди ҳамкорӣ шавем. Аз ин хотир, дар бисёре аз шаҳрҳои муҳими Русия Кумитаи дин ва Шӯрои уламо корҳои зиёде анҷом дод”, - гуфт Сулаймон Давлатзода.
Вай афзуд, як самти дигари ҳамкориҳо бо Русия ҷилавгирӣ аз таълимоти ғайриқонунии динӣ миёни муҳоҷирини меҳнатӣ аст.
“Бархе аз шаҳрвандони мо фарзандони худро ноогоҳона ба ҳалқаҳои хосе месупоранд, ки дар онҳо дарсҳои динӣ дода мешавад. Ин ҳалқаҳои ройгон ва хайрия фаъолият мекунанд ва таври маълум, ҳар чӣ ройгон аст, беғараз нест”, - гуфт раиси Кумитаи дин.
Вай бидуни овардани омор афзуд, мавориди тадриси ғайриқонунии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Туркия низ дида мешавад, аммо бештари маворид ва ба таври қобили мулоҳиза дар Русия сабт шудааст.
“Намоз намехонанд” – шарҳи Шӯрои уламо дар бораи ҳамлаи Крокус
“Дар ин замина бо муфтиёти Русия ва дигар мақомоти зидахли он дар тамос ҳастем ва талош мекунем, ки ҳамин раванд ҳар чӣ зуд ба танзим дарояд, зеро ҳам ба манфиати мо аст ва ҳам Русия”, - гуфт Сулаймон Давлатзода.
Тибқи қонунгузории Тоҷикистон, ҳар шаҳрванди ин кишвар, ки мехоҳад дар хориҷи кишвар таълимоти динӣ бигирад, нахуст бояд Донишгоҳи исломии Тоҷикистонро хатм намояд ва сипас ба ягон донишгоҳи хориҷӣ биравад.
Дар ҳамин ҳол, таълими динӣ ба кӯдакону наврасон дар Тоҷикистон як масъалаи ҳамоно ҳалношуда боқӣ монда, ба истиснои Донишкадаи исломӣ дар сатҳҳои поёнӣ муассисаи таълимии динӣ вуҷуд надорад ва ба қавли огаҳон, ин омил боиси зиёд шудани таълими ғайриқонунии динӣ мегардад.
Ҳол тибқи хабарҳо ин таълимоти ғайрирасмии динӣ миёни муҳоҷирини меҳнатии тоҷик дар Россия ҳам ба назар мерасад, ки наметавонад мӯҷиби нигаронӣ набошад.