Ҷаҳиши нархи гази моеъ дар Тоҷикистон идома дорад

Бо вуҷуди камтар шудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар навоҳии Суғд дар ин рӯзҳои гармои шадиди фасли тобистон, нархи гази моеъ, ҳамоно тамоюли болоравӣ дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 июл – Sputnik. Фурӯши гази моеъ дар ширкатҳои таъминкунандаи маводи сӯхт дар шаҳри Хуҷанд ва навоҳии атрофи он дар муқоиса ба рӯзҳои қаблӣ якбора 50 – 60 дирам баланд шудааст.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ба чанд шаҳру навоҳии Суғд сафар кард ва маълум намуд, ки нархи гази моеъ ҳоло то ба 6,7 – 6,8 сомонӣ дакка задааст.
Ҳамин чанд рӯзи пеш ин навъ маводи сӯхт бо қимати 6,2 сомонӣ дар фурӯш буд.
Цены на сжиженный газ в Таджикистане
Ширкатҳои таъминкунандаи маводи сӯхт, сабаби баландшавии нархро ба таври гуногун шарҳ медиҳанд.
Бархе ин вазъро ба мушкили воридоти он дар гармои тоқатфарсо рабт медиҳаду баъзеи дигар ба баландшавии қимати воридоти он.
Алҳол дар тоблуҳои ширкатҳои фурӯши сӯзишворӣ (АЗС) дар навоҳии Суғд мушоҳида мешавад, ки дар муқоиса ба ҳафтаи қабл арзиши гази моеъ ва сӯзишвории дизелӣ гаронтар шудааст:
Гази моеъ – 6,7 - 6,8 сомонӣ
Бензини АИ 92 – 10,2 – 10, 4 сомонӣ
Бензини АИ 95 – 10,6 – 11 сомонӣ
Сӯзишвории дизелӣ ё солярка – 10,8 – 11,2 сомонӣ
Бисёре аз ронандаҳои тоҷик тахмин мезананд, ки дар фасли гармои тобистон, ки боиси кам шавии ҳаракати воситаҳои нақлиёт мегардад, арзиши маводи сӯхт, аз ҷумла гази моеъ поён меравад, аммо ҳоло баръакси ин интизориҳо нархҳо баланд шудааст.
Маводи сӯхт ба Тоҷикистон асосан аз кишварҳои Русия ва Қазоқистон ворид карда мешавад.