Маҳдудияти ҳаракат дар бархе кӯчаҳои Душанбе: кадом роҳҳо баста мешаванд?

Ба иттилои ВКД Тоҷикистон, ҳаракат дар бархе кӯчаҳои шаҳри Душанбе барои тамоми намуди нақлиёт рӯзи 30 июл аз соати 06:00 то соати 09:00 маҳдуд хоҳад буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Ҳаракати васоити нақлиёт дар бархе кӯчаҳои шаҳри Душанбе рӯзи 30 июли соли равон маҳдуд мешавад.
Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар сомоани расмии худ хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ ҳаракати мошинҳо аз соати 6:00 то соати 9:00 маҳдуд мешавад.
Роҳбандӣ дар Душанбе
Дар ин муддат ҳаракати мошинҳо дар хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои С.Айнӣ (Садбарг) ва А.Дониш (фурудгоҳ) муваққатан маҳдуд карда мешавад.
Вазорати корҳои дохила аз ронандагон хоҳиш кардаааст, ки аз роҳҳои кӯчаҳои ҳамшафат истифода намоянд ва аз таваққуфи бемаврид дар шоҳроҳи марказӣ худдорӣ кунанд.