ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон муомилоти ғайриқонунӣ маводи нашъаовар ба таври қобили мулоҳиза афзудааст.
Дар ин бора директори Агентии назорати маводи нашъаовар, генерал-майор Самад Зафар дар нишасти матбуотияш хабар дод.
Ба таъкиди ӯ, дар шаш моҳи соли ҷорӣ беш аз 3 тоннаву 95 кило маводи мухаддир мусодира шуд, ки нисбати ба ҳамин давраи соли 2023 25% ва ё 619 кг бештар аст.
Он замон мақомот аз мусодираи 4 тоннаю 991 килою 176 грам аз ин модда хабар дода буданд.
Самад Зафар зикр намуд, ки бештари маводи мухаддир дар ҳудуди вилояти Хатлон, навоҳии ҳаммарз бо Афғонистон мусодира шудааст.
Дар умум дар ин минтақа дар шаш моҳ 1 тоннаву 381 кило маводи мухаддир мусодира шуд, ки 44,6% мусодираи сатҳи ҷумҳуриро ташкил медиҳад.
Тавзеҳ дода шудаст, ки дар ин муддат ҳамагӣ 419 ҷинояти марбути маводи мухаддир ба қайд гирифта шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 7,2% ва ё 28 ҳолат зиёд мебошад.
Директори Агентии назорати маводи нашъаовар дар Тоҷикистон афзуд, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби ниҳоди зертобеяш фаъолияти 15 гуруҳи ҷиноятӣ дар ҳайати 37 нафар ошкор ва қатъ карда шуд.
Дар ин давра ҳамчунин 7 фарди дар кофтукови ҷиноятӣ қарордошта муаян ва дастгир шудааст.
Раҳбари Агентӣ ҳамзамон гуфт, ки бо ҷурми даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар кишвар 10 шаҳрванди хориҷӣ дастгир карда шуданд.