Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Маълум шуд, ки ҳамоҳангсозии марзи Тоҷикистону Қирғизистон чӣ гуна пеш меравад

Мутахассисони ду кишвари ҳамсоя дар мавриди делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон гуфтушунид доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Тоҷикистон ва Қирғизистон барои тақсими манотиқи баҳсбарангези марзӣ корҳоро идома медиҳанд.
Раҷаббой Аҳмадоза, раиси вилояти Суғд зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки дар маҷмӯъ мақомоти ду кишвари ҳамсоя 94% заминҳои баҳсбарангезро ба мувофиқа расонидаанд.
Ҷонибҳо дар мавриди делимитатсия ва аломатгузории марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон музокира доранд.
Кумиссиюни ду кишвар аз мавзеъҳои баҳсбарангези Чоркуҳ ва Ворух дидан карда, ҳоло рӯи асноди аломатгузории марз кор мекунанд.
"Пас аз имзои онҳо сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон боз хоҳад шуд", - хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон аз суханони раиси вилоят.
Ҷаласаи навбатии комиссияхо 11—17 август дар Бодканд барпо мегардад.
Тоҷикистон ва Қирғизистон 970 километр марзи муштарак доранд. Дар ҳамин ҳол, қисмате аз хати он ҳанӯз мушаххас ва ё аломатгузорӣ нашудааст.
Ин вазъ пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба вуҷуд омадааст - ҷонибҳо наметавонанд дар мавриди моликияти даҳҳо қитъаҳои баҳсбарангез ба созиш бирасанд.
Раҳмон: Тоҷикистон ба муколама ва ҳамкорӣ бо Қирғизистон манфиатдор аст
Ҳудуди муайяннашуда доиман ба минтақаи низоъҳои байни аҳолии маҳаллӣ табдил ёфта, сарҳадбонони ду кишвар низ ба он ҷалб мешуданд. Раисони ҷумҳури Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров борҳо масъалаи марзро баррасӣ кардаанд.
Вазъ дар минтақаҳои баҳсбарангезро Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) низ таҳти назорати ҷиддӣ қарор медиҳад.
Дар чанд соли ахир мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли ин масъала ба таври фаъол гуфтушунид доранд. Вохӯриҳо бо навбат дар ҳудуҳои ҳар ду ҷумҳурӣ барпо мегарданд. Тарафҳо ният доранд, ки корро дар ояндаи наздик пурра ба анҷом расонанд.