ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Шикори ҳайвоноти нодир Тоҷикистонро ба яке аз ҷаззобтарин кишварҳои ҷаҳон дар гардишгарӣ ё туризми шикорӣ табдил додааст.
Ҳамро Ҳайдарзода, сардори Раёсати назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, шикори ҳайвоноти нодир ҳамасола бо фармоиши махсуси ҳукумати ҷумҳурӣ сурат мегирад.
“Ба ин манзур ҳукумати ҷумҳурӣ барои шикори ҳайвоноти нодире, ки дар “Китоби сурх” сабт шудаанд, квота ҷудо мекунад. Дар пайи ин фармоиш мо иҷозаи шикорро медиҳем”, - гуфт Ҳамро Ҳайдарзода.
Тибқи иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, дар мавсими гузаштаи 2023 – 2024, ки аз 1 сентябри 2023 ба 1 марти 2024 идома дошт, ҳукумати Тоҷикистон ба шикори 110 сар гӯсфанди кӯҳии Марко Поло, 16 сар бузи пармашохи морхӯр ва 16 сар гӯсфанди бухороӣ ё “Ореал” иҷоза дода буд.
Тибқи фармоиши ҳукумати Тоҷикистон таҳти рақами 67 дар мавсими ояндаи 2024 – 2025 иҷозаи шикори 115 сар гӯсфанди кӯҳии Марко Поло, 17 сар бузи пармашохи морхӯр ва 16 сар гӯсфанди бухороӣ ё “Ореал” дода шудааст.
Бино ба нархномае, ки ҳукумати Тоҷикистон муайян кардааст, шикори гӯсфанди кӯҳии Марко Поло 55, бузи пармашохи морхӯр - 496 ва гӯсфанди бухороӣ ё “Ореал” 33 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ шудааст.
Шикори ҳайвоноти нодир Тоҷикистонро ба яке аз ҷаззобтарин кишварҳои ҷаҳон дар гардишгарӣ ё туризми шикорӣ табдил додааст. Зимнан, бино ба иттилои мутахассисони тоҷик, ин гуна шикор махсуси нухбагон буда, умдатан хориҷиҳо ба он шавқ доранд, аммо онҳо ҳам ҳаққи шикори ҳар ҳайвони дилхоҳи худро надоранд, балки ҳамон ҳайвонотеро шикор мекунанд, ки синну сол ва ҳам боби шикор буданашонро мақомот муайян кардаанд.
Тибқи иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, соли гузашта аз ҳисоби шикори ҳайвоноти нодир ба хазинаи кишвар ҳудуди 12 миллион доллар ворид шудааст.