Ихтисорҳо дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон: роҳбарият гуфт киҳоро аз кор меронанд

Вазорати илм ва таҳсилоти олии Русия дар як санҷиши ахир дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон камбудиҳо ошкор кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Санҷиши Вазорати илм ва таҳсилоти олии Русия дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дар Душанбе чанд қонуншиканиро ошкор кардааст, гуфт ректори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Машраб Файзулло зимни нишасти матбуотӣ.
Ба иттилои манбаъ, ба донишгоҳ тавсия дода шудааст, ки кормандони фаннии худро ихтисор намояд.
Оқои Машраб Файзулло қайд кардааст, ки ҳайати омӯзгорон аз кор ронда намешаванд.
"Ин як санҷиши ҳамаҷониба бо фармони вазири илм ва таҳсилоти олии Русия буд. Дар он ҷо донишгоҳҳои зиёд, аз ҷумла Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон санҷиш шуданд. Онҳо тамоми самтҳои фаъолияти донишгоҳ - қисмҳои молиявӣ, илмӣ, таълимӣ -ро санҷиш намуданд. Дар бораи қонуншикание, ки мо содир кардем, аз ҷумла интизоми молиявӣ, сарфи маблағ протокол тартиб дода шуда, онҳо аз мо эрод гирифтанд”, - гуфт ӯ.
Вазири маориф аз норасоии 2500 омӯзгор дар мактабҳо хабар дод
Вай илова кард, ки роҳбарияти донишгоҳ нақшаи чорабиниҳоро барои бартараф намудани қонуншиканиҳо тартиб додем, тақрибан 20 фоизи он чизе, ки аз мо вобаста буд, аллакай ҳаллӣ худро пайдо намудааст.
Роҳбари Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон қайд кард, ки яке аз дастурҳо дар пайи санҷиш зарурати ихтисори кормандон аст.
“Ҳоло мо ба одамоне, ки аз кор хориҷ мешаванд, аллакай огоҳӣ додем. Мо мехоҳем бо ихтисори ҷойҳои корӣ маоши кормандонамонро зиёд кунем", - гуфт Машраб Файзулло.
Ба гуфтаи ректори ин донишгоҳ, ихтисор ба ҳайати омӯзгорон таъсир намерасонад.
"Мо омӯзгоронро аз кор озод намекунем, танҳо қисматихоҷагидорӣ", - ваъда дод роҳбарияти донишгоҳ.