Маркази миллии тестӣ: Агар телефонҳоро хомуш кардед, бехабар мемонед

Ба иттилои масъулини Маркази миллии тестӣ, имшаб ба тамоми довталабоне, ки ба тақсимоти асосӣ роҳ ёфтанд, паёмак ирсол мегардад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Рӯзи 25 июл натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Тоҷикистон тариқи паёмак (sms) ба ҳар довталаб ирсол мегардад.
Дар ин хусус Маркази милии тестии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба гуфти масъулини Маркази миллии тестӣ, имшаб ба тамоми довталабене, ки дар тақсимоти асосӣ роҳ ёфтанд паёмак ирсол мегардад. Дар ҳолати хомӯш будани телефони дастӣ (агар телефонро баъдтар ҳам фаъол намояд) паёмак дастнорас мегардад, яъне намеравад. Дар ин маврид довталаб ба Маркази миллии тестӣ муроҷиат намуда, аз натиҷаи он бохабар мегардад.
Маълумоти муфассал дар бораи натиҷаҳои озмуни тақсимот дар кабинети инфиродии ҳар довталаб гузошта мешавад.
Маркази миллии тестӣ гуфт, кай натиҷаҳои имтиҳонҳои дохилшавӣ эълон мегарданд
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Маркази миллии тестии Тоҷикистон хабар дода буд, ки натиҷаҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ 20 июл тариқи смс — паёмак эълон мегардад.
Аз 1 то 8 июл даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олӣ баргузор гардид.
Аз ҷониби Маркази миллии тестӣ барои баргузории даври асосии имтиҳонҳо 45 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 20 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ марказҳои имтиҳонӣ ташкил карда шудаанд, ки дар онҳо беш аз 1150 синфхона барои баргузории имтиҳонҳо омода карда шудаанд.
Тибқи иттилои ММТ соли равон дар давраи асосии бақайдгирӣ 95 ҳазору 276 довталаб, ки аз онҳо 78 ҳазору 222 нафар довталаби дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва 17 ҳазору 54 нафари дигар довталаби дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) мебошанд, номнавис карда шудаанд.
Мувофиқи тартиби муқарраргардида ба ҳар довталаб ҳуқуқи додани аризаи апеллятсионӣ дар бораи норозӣ будан аз холҳои ба имтиҳони ӯ гузошташуда дода шудааст.