Амалиёти мазкур посухи қавӣ ба ҳамлаи паҳподии Ҳусиҳо будааст. Дар ин бора сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, паҳподҳои интиҳорӣ, ба бинои истиқоматӣ дар маркази Тел-Авив дар наздикии консулгарии Амрико бархӯрдааст. Дар ин ҳамла як нафар кушта ва дастикам ҳашт нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.
Бар асари ҳамлаҳои ҳавоии артиши Исроил ба бандар ва анборҳои сӯзишворӣ сӯхтори бузурге сар зад.
Вазорати тандурустии ҳукумати Яман хабар додааст, ки Исроил ба анбори нафт дар бандари шаҳр ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом додааст.
Расонаҳои маҳаллӣ бо такя ба вазорати беҳдошти Ҳусиҳо гузориш доданд, ки шумори кушташудагон ба шаш нафар расид, 83 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Ҳамчунин се нафари дигар дар ин ҳамла бедарак шудаанд.