Тоҷикистону Қазоқистон ба имзои Харитаи роҳ барои афзоиши гардиши мол омода мешаванд

Дар мулоқот муовинони сарвазирон вазъи иқтисодии кишварҳо, ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Душанбеву Остона баррасӣ шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Тоҷикистон ва Қазоқистон ба мувофиқа расиданд, ки Харитаи роҳ барои афзоиши гардиши мол миёни кишварҳоро барои солҳои 2025-2027-ро таҳия кунанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси ҳукумати Қазоқистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ он қарор аст, ки дар доираи сафари қарибулвуқӯъи Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон ба Тоҷикистон, имзо шавад.
Ҷузъиёти ин ва дигар ҳамкориҳо зимни ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматии Қазоқистону Тоҷикистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, ки дар Душанбе таҳти раҳбарии муовинони аввали нахуствазирони кишварҳо Ҳоким Холиқзода ва Роман Скляр доир гардид, баррасӣ шуд.
Дар мулоқот вазъи иқтисодии ду кишвар, вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Қазоқистон ва Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика саноат, нақлиёт, кишоварзӣ, маориф ва илм, рақамикунонӣ ва сайёҳӣ низ матраҳ шуданд.
Яке аз харидорони аслии тарбузҳои Қазоқистон Тоҷикистон будааст
Дар нишаст ба тадбирҳои мушаххас оид ба афзоиши ҳамкориҳои мутақобилан судманд, таъсиси корхонаҳои муштарак ва таҳияи механизми ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои обу энергетикӣ ҷиҳати таъмини амнияти обу энергетика ва озуқаворӣ дар Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.
Роман Скляр зимни суханронии худ қайд кард, ки ҳамкориҳои байни Қазоқистон ва Тоҷикистон дар рӯҳияи шарикӣ ва ҳамсоягии нек босуръат рушд карда, барои рушди ҳамкориҳои иқтисодии дуҷониба дурнамои бузург доранд.
Натоиҷи ҳамоиши тоҷирони Қазоқистону Тоҷикистон, ки соли гузашта баргузор шуда, 39 қарордоди тиҷоратӣ ба имзо расида буд, ба ин гувоҳӣ медиҳад, гуфтааст ва муовини нахуствазири Қазоқистон.
Скляр изҳори итминон кард, ки қарорҳои қабулшуда ба рушди муносибатҳои дуҷониба дар тамоми самтҳои ҳамкориҳои Қазоқистону Тоҷикистон такони иловагӣ бахшида, робитаҳои байни кишварҳоро таҳким мебахшанд.