СПАД аз хатари густариши терроризм аз Афғонистон ҳушдор дод

Ин созмон ба назорат ва пешгӯии таҳаввулоти эҳтимолии вазъ ва таҳкими марзи Афғонистону Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Эҳтимолияти густариши минбаъдаи терроризм ва қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон дар ҳоли ҳозир на танҳо коҳиш наёфтааст, балки шаклҳои нав пайдо кардааст.
Дар ин бора Имангалӣ Тасмағамбетов, дабири кулли СПАД дар нишасти Шӯрои амнияти СММ изҳор дошт.
"Афғонистон манбаи асосии бесуботӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад, сарфи назар аз тағйироти мусбат дар ин кишвар, эҳтимоли паҳншавии терроризм, идеологияи радикалӣ ва қочоқи маводи мухаддир на танҳо коҳиш намеёбад, балки шаклҳои нав пайдо мекунад",- қайд намуд ӯ.
Дар ҳамин ҳол, СПАД чолишҳои иловагии марбут ба “нишонаҳои рақобат барои захираҳои табиии ин минтақа, пеш аз ҳама барои об, ки метавонад боиси низоъҳои байнидавлатӣ гардад”, сабт мекунад.
"Бо вуҷуди шиддати мушкилот, мо тавонистем назоратро дар ин соҳаи масъулият нигоҳ дорем",- гуфт котиби генералӣ.
Ба таъкиди ӯ, созмон ба назорат ва пешгӯии таҳаввулоти эҳтимолии вазъ таваҷҷуҳи хоса медиҳад.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Кишварҳои СПАД аз барномаи таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон пуштибонӣ карданд
Вай таъкид кард, ки СПАД ҳамчунин як қатор тадбирҳои густурдаи амалиро амалӣ мекунад, ки ба коҳиши таниш ва таҳкими марзи Афғонистону Тоҷикистон нигаронида шудаанд.
Қаблан Виктор Василев, намояндаи доимии Федератсияи Русия дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ гуфта буд, ки ҳамаи кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ аз барномаи таҳкими марзи миёни Тоҷикистон ва Афғонистон пуштибонӣ мекунанд.