ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон як корманди ҳукумати ноҳияи Фархорро дастгир кардааст.
Ба иттилои котиботи ин ниҳод, боздоштшуда И.Т барои қаллобӣ ва сӯистифода аз мансаб муттаҳам мешавад.
Гуфта мешавад, ки зимни санҷиши молиявию - хоҷагидорӣ дар фаъолияти шуъбаи кишоварзии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор камбудиҳо ошкор шуд.
Ҳамин тариқ, тайи як соли ахир аз ҳисоби воситаи фондҳои кӯмаки хориҷи Ассотсиатсияи Байналмиллалии Рушд ба ноҳия 375 ҳазор кг тухмиҳо ва нуриҳои минералӣ ворид шуда, он бояд ба хоҷагиҳои деҳқонии осебпазир тақсим мешуд, ки масъули он мутахассиси пешбар - муҳосиби ҳамин шуъба И .Т. буд.
Дар ин муддат, мавсуф қасдан ва бо мақсади тасарруфи маблағҳои фонди кӯмаки хориҷӣ, аз тухмиҳо ва нуриҳои минералии вобасташуда миқдори 247 килояшро ба хоҷагиҳои тибқи рӯйхат пешбинишуда тақсим намуда, боқимондаро бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ тасарруф кардаст.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати корманди ҳукумати ноҳия бо моддаҳои 257 қисми 3 банди “в”, 314 қисми 1 ва 323 КҶ Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди анҷоми тафтишоти пешакӣ барои моҳитан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.
Ба асоси моддаҳои мазкур, гумонбарро аз ду то се сол ҳукми зиёндон ва ё ҷароими ҳангуфт бо маҳрумият аз ишғоли фазифаҳо ба муҳлати беш аз панҷ сол интизор аст.