Яке аз харидорони аслии тарбузҳои Қазоқистон Тоҷикистон будааст

Тарбузҳои Қазоқистон бештар ба ду кишвар содирот шудааст. Яке аз ин ду кишваре, ки аксари тарбузҳои Қазоқистон ба он содирот шудааст Тоҷикистон будааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18июл — Sputnik. Қазоқистон фурӯши тарбузҳоро ба хориҷ шурӯъ кард, гузориш медиҳад сомонаи “LS”
Ба иттилои ин сомона дар моҳҳои январ-майи соли равон содироти ин мева аз Қазоқистон ба хориҷ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,5 баробар афзуда, ба 278,7 ҳазор тонна расидааст.
Аксари ҳаҷми содирот ба Русия – 239,8 тонна (+2,3 маротиба) рост омадааст. Ба Тоҷикистон ҳам тарбуз дар ҳаҷми 38,9 тонна содирот шудааст.
Аммо харбуза нисбат ба соли гузашта ба хориҷа Қазоқистон 3,6 маротиба камтар – 74,1 тонна фурӯхтааст.
Хатлон ба Русия садҳо тонна тарбуз содир мекунад
Русия харидори асосӣ аст, вале содирот ба ин кишвар 4 баробар коҳиш ёфтааст (66,8 тонна). Ба Тоҷикистон миқдори кам содирот шудааст, ҳамагӣ 7,3 тонна.
Қайд карда шудааст, ки Қазоқистон хариди тарбузҳоро аз хориҷ панҷ баробар кам кардааст. Имсол Қазоқистон аз хориҷ ҳамагӣ 2,7 ҳазор тонна ворид кардааст. Дар қиёс соли гузашта дар зарфи панҷ моҳ ба кишвар беш аз 13 ҳазор тонна ворид карда буд.
Бештар Қазоқистон ин меваро аз ҷониби Эрон – 1,9 ҳазор тонна, инчунин аз Узбекистон, Чин, Покистон ва Нидерландия ворид кардааст.