ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 34 субъекти хоҷагидорӣ, ки иҷозаи ҷалби қувваи кории хориҷиро доранд, ба қайд гирифта шудааст.
Дар ин бора Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилоят ба рӯзномаи "Хатлон" хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, аз аввали сол дар ҳудуди вилояти Хатлон ба 71 нафар шаҳрванди хориҷӣ иҷозатнома барои кор дода шудааст.
Қайд карда шудааст, ки дар субъектҳои хоҷагидорӣ 720 нафар хориҷиён кор мекунанд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳамин 34 ширкате, ки хориҷиён кор мекунанд, ҳамзамон 6 ҳазору 292 нафар сокинони маҳаллӣ низ кор мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки вилояти Хатлон нисбат ба дигар минтақаҳои Тоҷикистон барои афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ имкониятҳои бештар дорад ва кишоварзони вилоят дар ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссагузормебошанд.
Ҳамасола дар вилоят беш аз 250 ҳазор тонна пахта, 2,5 млн тонна меваю сабзавот, ангур ва зироатҳои полизӣ, инчунин, 1 млн адад пӯсти чорвои калону майда ва 6 ҳазор тонна пашм истеҳсол мегардад.
Кишоварзон ҳамасола ба кишварҳои хориҷи наздику дур беш аз 100 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот мекунанд.