Идомаи афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ИИАО

Коршиносони Комиссияи иқтисодии Авруосиё нишондодҳои саноатии моҳи январ-майи соли равонро таҳлил намуда, аз рушд дар саросари иттиҳод гуфтаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Аз моҳи январ-майи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё нисбат ба ҳамин давраи соли 2023, 5,2% афзуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар дод.
"Дар моҳҳои январ-майи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё нисбат ба моҳҳои январ-апрели соли 2023, 5,2% афзоиш ёфтааст", - омадааст дар гузориш.
Сармоягузории мутақобилаи кишварҳои узви ИИАО беш аз ду баробар афзудаст
Зимнан, афзоиши истеҳсолоти маҳсулоти саноатӣ дар кишварҳои иттиҳод чунин аст:
Белорус – 8%;
Қазоқистон – 3%;
Арманистон –22%;
Русия – 5,2%;
Қирғизистон – 2,6%.
Калонтарин истеҳсолкунандаи маҳсулоти саноатӣ дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё Русия мебошад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки ИИАО сармоягузорӣ ба соҳаи саноатро ҳавасманд хоҳад кард.
Феълан узви иттиҳод Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия мебошанд.