Сармоягузории мутақобилаи кишварҳои узви ИИАО беш аз ду баробар афзудаст

Комиссияи иқтисодии АвруОсиё аз афзоиши ҳаҷми сармоягузории мутақобила ду баробарӣ дар кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Ҳаҷми сармоягузории мутақобила кишварҳои узви ИИАО дар соли 2023 зиёда аз 4,2 млрд долларро ташкил дод, ки нисбат ба як соли қабл қариби 2,3 млрд бештар аст.
Дар ин бора дафтари матбуоти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, афзоиши калонтарин дар Қазоқистон сабт шудаст, ки беш аз 1,3 млрд доллар зиёд шудаст.
Русия ҳамчунон сармоягузори асосӣ (беш аз 2,2 млрд доллар) ва қабулкунандаи сармоягузорӣ (1,9 млрд доллар) дар ИИАО боқӣ мемонад.
ИИАО бархе аз боҷҳои гумрукиро барои Муғулистон аз байн мебарад
Ба иттилои манбаъ дар соли 2023 воридоти софи сармоягузориҳои мутақобила нисбат ба соли 2023 дар қиёс ба хамин давраи соли гузашта дар Казокистон 4 баробар афзоиш ёфтааст.
Камшавии сармоягузориҳои мутақобила дар Арманистон 335 миллион доллар, дар Беларус 259 млн доллар (33,1%) ва дар Қирғизистон - 4 млн доллар (2,3%) ба қайд гирифта шуд.