Касри тавозуни савдои Тоҷикистон боз афзоиш ёфта ба 2 млрд 425 млн доллар рарсид

Ҳаҷми гардиши мол дар моҳҳои январ-июни соли равон дар Тоҷикистон қариб 4 миллиарду 420 миллион долларро ташкил додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Касри тавозуни савдои хориҷии Тоҷикистон дар моҳҳои январ – июни соли равон 2 миллиарду 425 миллион долларро ташкил додааст, хабар додааст Хадамоти гумруки кишвар.
“Тавозуни савдои хориҷӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ 2 миллиарду 425 миллион долларро ташкил дод. Дар ҳамин ҳол, дар ҳамин давраи соли гузашта касри гардиши мол 2 миллиарду 60 миллион долларро ташкил дода буд. Табодули коло дар моҳҳои январ-июни соли равон қариб 4,42 миллиард долларро ташкил дод”, - омадааст дар хабар.
Содироти маҳсулот аз Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 53% афзоиш ёфта, ҳудуди 996,2 миллион долларро ташкил додааст.
Касри тавозуни савдои Тоҷикистон чӣ гуна тағйир ёфт?
Воридоти мол ба кишвар беш аз 3,42 миллиард долларро ташкил дода, нисбат ба моҳҳои январ-июни соли гузашта 26% афзоиш ёфтааст.
Ҳиссаи содирот дар ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ аз 19% дар нимсолаи аввали соли 2023 то 23% дар моҳҳои январ-июни соли 2024 афзоиш ёфт.
Ҳиссаи воридот дар хаҷми умумии муомилоти савдои хориҷии ҷумҳурӣ мувофикан аз 88% ба 77% коҳиш ёфт.