ИИАО бархе аз боҷҳои гумрукиро барои Муғулистон аз байн мебарад

ИИАО ва Муғулистон ният доранд ҳамкориҳоро пас аз созишҳо дар бораи лағви боҷ барои интиқоли 375 навъи маҳсулот ба кишварҳои иттиҳодия таҳким бахшанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Муғулистон ва Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё таҳкими равобити тиҷории худро идома медиҳанд.
Ба иттилои Комиссия иқтисодии АвруОсиё тавофуқномаи ҳафтаи гузашта дар бораи лағви боҷи таруфавӣ аз рӯи 375 навъи маҳсулоти кишоварзӣ ва саноати сабук то охири соли ҷорӣ аз таҳкими равобити тиҷорӣ гувоҳӣ медиҳад.
Қайд карда шудааст, ки ин як қадами муҳим дар рушди ҳамкориҳои байни кишварҳои ИИАО мебошад, ки ба истеҳсолкунандагони Муғулистон имкон медиҳад, ҳангоми содироти маҳсулоти худ ба бозорҳои кишварҳои ИИАО афзалият ба даст оранд.
Муғулистон аввалин давлате буд, ки бо Комиссияи иқтисодии АвруОсиё дар соли 2015 ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расида буд, равобити тиҷоратии худро бо аъзои ИИАО фаъолона густариш медиҳад.
Волвач: Дар чаҳор моҳ табодули коло байни кишварҳои ИИАО 9,5% афзоиш ёфт
Ҳар сол ҳаҷми муомилоти мол миёни Муғулистон ва кишварҳои ИИАО афзоиш меёбад, ки ин барои ҳарду ҷониб аз шарикӣ шаҳодат медиҳад.
Ҷанбаи муҳими ҳамкорӣ ин дастрасии Муғулистон ба бозорҳои ИИАО мебошад, ки ба афзоиши содироти гӯшт, маҳсулоти гӯштӣ, пашм, маҳсулоти аз онҳо тайёр, чарм мусоидат мекунад.
Ин барои истеҳсолкунандагони Муғулистон дар бозори ИИАО имкониятҳои нав боз мекунад ва ба рушди иқтисоди кишвар мусоидат мекунад.