Волвач: Дар чаҳор моҳ табодули коло байни кишварҳои ИИАО 9,5% афзоиш ёфт

Муовини вазири рушди иқтисоди Русия иттилоъ додааст, ки дар 4 моҳи соли равон табодули коло миёни кишварҳои ИИАО 9,5% афзоиш ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Муовини вазири рушди иқтисоди Русия Дмитрий Волвач дар Форуми сармоягузории Қафқоз, ки дар шаҳри дар Грозний мегузарад гуфт, ки табодули коло миёни кишварҳои ИИАО дар чаҳор моҳи соли равон, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 9,5% афзоиш ёфтааст.
“Бо суръат савдои дохилӣ, ҳамкориҳои мутақобилаи ИИАО ва ҳамкорӣ кишварҳои сеюм рушд дорад. Ҳаҷми табодули коло бо ин кишварҳо дар соли 2023 нисбат ба соли 2015 1,4 баробар афзоиш ёфтааст”, - қайд кард ӯ.
Волвач созишномаи тиҷорати озод байни кишварҳои ИИАО ва Эрон, Ёддошти тафоҳум бо ҳукуматҳои Мянма ва Никарагуа, инчунин гуфтушунидҳо дар бораи минтақаи тиҷорати озод бо Индонезия ва Амороти Муттаҳидаи Арабро воситаи муассир барои таҳияи шароити институтсионалии ҳамкориҳои ду кишвар номид.
Коршинос: Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ИИАО қариб сеяк баробар афзоиш ёфтааст
Вай илова кард, ки қарор аст ИИАО ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодиро бо Чин ва Ҳиндустон тақвият диҳад ва инчунин бо Муғулистон созишномаи муваккатии тиҷоратӣ ба имзо расонад.
Сармоягузориҳои мустақими Русия дар кишварҳои ИДМ дар соли гузашта нисбат ба соли 2015 1,5 баробар афзоиш ёфт.
Вай илова кард, ки ба кишварҳои ИИАО 60%-и сармоягузориҳои мустақим равона шудааст.
Муовини вазир таъкид кард, ки такмили заминаи меъёрии ҳуқуқии кишварҳои ИИАО ва ИДМ ба рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд, густариши тиҷорат ва беҳбуди имконоти сармоягузорӣ бо шарикони АвруОсиёӣ нигаронида шудааст.
"Минтақаи Қафқоз бо дарназардошти мавқеи ҷуғрофӣ, иқтидори саноатӣ ва кишоварзии худ дар таъмини равандҳои ҳамгироӣ фаъолона ширкат меварзад. Корхонаҳои минтақа бо шарикони кишварҳои ИДМ, Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва кишварҳои сеюм ҳамкори намуда дар ин кишварҳо бомуваффақият зерсохтор, гузаргоҳҳо инкишоф медиҳанд”, - хулоса кард муовини вазир.
Коҳиши мизони бекорӣ дар кишварҳои ИИАО
Оқои Волвач афзуд, ки тавсеаи ҳамгироӣ дар ИДМ ва ИИАО шароити ҳамкорӣ бо кишварҳои сеюмро барои тиҷорати мутақобилаи молу хизматрасонӣ беҳтар мегардонем ва соли гузашта ҳиссаи шарикони ИДМ дар савдои хориҷии Русия афзоиш ёфт.
Табодули колои Русия бо кишварҳои ИДМ дар соли гузаҳта 5,8% ва дар моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ 9,4% афзоиш ёфтааст.