ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Сӯиқасд ба ҷони собиқ президенти ИМА ва номзади оянда ба ин мақом Доналд Трамп вокунишҳои зиёдеро дар пайи дошт.
Аз ҳукуматҳо то раҳбарони кишварҳо ин ҳодисаро маҳкум карданд.
Аз ҷумла Дмитрий Песков аз ҷумла гуфт️ ки ,Маскав ба хонаводаи марҳум, ки дар сӯиқасд ба ҷони Трамп кушта шуд, изҳори ҳамдардӣ мекунад ва ба қурбониён шифои ҳарчи зудтар орзу мекунад.
Ба гуфтаи сухангӯи раисҷумҳури Русия, пас аз кӯшишҳои сершумор барои нест кардан ва бадном кардани Трамп маълум буд, ки ҳаёти ӯ дар хатар аст
"️Русия фикр намекунад, ки кӯшиши барканории Трампро ҳукумати феълӣ ташкил кардааст. Дар таърихи Иёлоти Муттаҳида борҳо мисолҳои хушунат дар дохили кишвар ҳангоми муборизаи сиёсӣ мушоҳида мешуданд",- афзуд вай.
М️авсуф гуфт, ки дар арсаи дохилии ИМА услуби истифодаи қувва пайдо шудааст. Муҳите, ки маъмурияти кунунии ИМА дар атрофи Трамп ба вуҷуд овардааст, боиси ҳамла ба ӯ шуд.
Ҳамчунин Тоқаев ва Мирзиёев ба собиқ раисҷумҳури ИМА шифои оҷил хостанд.
Сарвазири Словакия, Фитсо, ки худ аз сӯиқасд наҷот ёфт, бар ин назар аст, ки сенарияи ҳамла ба Трамп, монанди сӯиқасди ӯ амалӣ шудаст.
Эрдуғон кӯшиши сӯиқасдро шадидан маҳкум кард, Си Ҷинпин ва нахуствазири Маҷористон Виктор Орбан аз номзад ба мақоми президентӣ ҳимоят карданд.
Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия, Мария Захарова низ дар канор наистод ва гуфт, ки дар ИМА барангехтани адоват нисбати рақибони сиёсиро таҳрик медиҳанд.
Илон Маск дар бораи пуштибонии комилаш аз Трамп навишт ва афзуд, ки раиси Хадамоти махфии ИМА Киберли Читл бояд пас аз ин ҳодиса истеъфо диҳад.