ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Бахши кишоварзии Тоҷикистон дар ним солаи аввали соли равон рушди чашмгире доштааст.
Ба гузориши Вазорати кишварзӣ дар ҳама самтҳои ҳосилғундорӣ арқом нисбат ба соли қаблӣ болотар аст.
Ҳамин тавр, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ дар нимсолаи якуми ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 21,4млн сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 109,6 фоиз зиёд мебошад.
Гуфта мешавад, ки дар ин давра истеҳсоли ғалладона ба 685340 тонна расид, ки 19,9 ҳазор тонна зиёд, картошка 267111 тонна ҷамъоварӣ шуда, 5601 тонна бештар аз ҳамин давраи соли қаблӣ будааст.
Ҳамзамон, сабзавот беш аз 1,2 млн тонна , полизӣ 412965 тонна, мевагиҳо 224826 тонна, ангур 2705 тонна ва хӯроки чорво 453 ҳазор тонна баробар гардид, дар қиболи додаҳои ҳамин давраи соли қааблӣ бештар аст.
Дар ин давра бахши чорводорӣ низ дар кишвар рушд ва истеҳсоли гӯшт низ зиёд шудааст.
Тибқи омори вазорат, тайи шаш моҳ дар кишвар 107,6 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудаааст, ки баробар 6,8 ҳазор тонна ё 6,7 фоиз зиёд шудааст.