Чин дар Хатлон корхонаи саноатии батареяҳои офтобӣ бунёд мекунад

Корпоратсияи чинии "China Datang" ният дорад, дар вилояти Хатлон корхонаи саноатии батареяҳои офтобиро, ки энергияи тоза истеҳсол мекунанд, бунёд намояд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12июл — Sputnik. Ин масъала ахиран зимни вохӯрии Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо директори генералии корпоратсияи чинии Датанг ("China Datang") дар Осиёи Марказӣ Ван Хао доир шуд, баррасӣ гардид.
“Мо ният дорем, ки дар вилояти Хатлон корхонаи саноатии батареяҳои офтобиро, ки энергияи тоза истеҳсол мекунанд, таъсис бидиҳем”, - қайд кард директори генералии корпоратсияи чинии "China Datang".
Дар навбати худ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо ҷонибдорӣ аз пешниҳоди таъсиси корхона зикр намуд, ки пас аз боздид аз минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва дигар минтақаҳо барои ҳалли ин кор мусоидат карда мешавад.
Ҳамзамон, зимни мулоқот раиси вилояти Хатлон гуфт, ки вилоят бо ширкатҳои бонуфузи Чин муносибатҳои хуби дуҷонибаро ба роҳ мондааст ва ин равобит дар марҳилаи кунунӣ босуръат рушд дорад.
Коршинос: Чин Тоҷикистонро ба унвони як долон ба Осиёи Марказӣ ва Русия истифода кунад
Давлаталӣ Саид зимни суханронӣ тақвият ва густариши робитаҳои корӣ бо ширкатҳои Чинро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти иқтисодии хориҷӣ шуморид ва афзуд, ки Мақомоти Хатлон ба бунёди муносибатҳои дарозмуддат, ки ба истифодаи самарабахши зарфияти минтақаҳо мусоидат мекунанд, алоқаманд аст.
Корпоратсияи “China Datang”, ки соли 2002 таъсис ёфтааст, ҳоло ба яке аз бузургтарин таъминкунандагони нерӯи барқ дар Чин табдил ёфта, ширкат дар 31 музофоти Чин ва беш аз 10 кишвар ва минтақаҳои саросари ҷаҳон, аз ҷумла Мянма, Камбоҷа, Лаос, Индонезия, Узбекистон ва Сингапур фаъолият мекунад.
Бояд зикр намуд, ки Корпоратсияи хитойии Datang 14 сол пайиҳам ба феҳристи Fortune Global 500 шомил шудааст.