Тоҷикистон дар бузургтарин намоишгоҳҳои байнулмилалӣ дар Русия ва ИИАО ширкат мекунад

Ҳайати Тоҷикистон имрӯз дар остонаи намоишгоҳи "Иннопром-2024" фуруд омад, қайд кард дар Раёсати сиёсати иттилоотии вилояти Свердловск
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон барои ширкат дар намоишгоҳи байналмилалии саноатии "Иннопром-2024" ба Екатеринбург рафт.
Дар ин бора дар Раёсати сиёсати иттилоотии вилояти Русия хабар доданд.
Гуфта мешавад, ки ӯро дар фурудгоҳи Колтсово губернатори вилояти Свердловск Евгений Куйвашев пешвоз гирифт.
Таъкид мешавад, ки ҳайати Тоҷикистон имрӯз дар остонаи намоишгоҳ фуруд омад. Қарор аст, ҳайатҳои беш аз 40 кишвари ҷаҳон вориди Екатеринбург шаванд.
Ёдовар мешавем, ки аз "Иннопром-2024" чаҳор нахуствазир, аз ҷумла сарвазири Русия Михаил Мишустин дидан мекунанд.
Ба ин чорабинӣ сарони ҳукуматҳои Беларус ва Қирғизистон низ даъват шудаанд.
"Иннопром" аз соли 2010 ҳамасола дар Екатеринбург баргузор мешавад.
Соли гузашта дар он 35 кишвари хориҷӣ, аз ҷумла вазирони дахлдори 10 кишвар ширкат доштанд.
Дар соли 2023 Беларус кишвари шарик буд; онро беш аз 130 ширкат намояндагӣ карданд.
Соли 2024 мавзӯи асосии форум "Шарикии технологӣ: ташаккули симои оянда" мебошад.