ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко созишнома дар бораи тиҷорати озод миёни кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ва Эронро тасвиб кард.
Қаблан ин созишномаро порлумони ин кишвар дар авохири моҳи июн тасвиб карда буд. Санади мазкур дар портали миллии ҳуқуқӣ нашр шудааст.
Гуфта мешавад, ки созишнома коҳиш ё аз байн бурдани монеаҳои таруфавӣ ва ғайритаруфавӣ, пуштибонӣ аз ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ дарбар мегирад.
Ҳамчунин ин созишнома ба соддагардонии тиҷорат байни кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва Эрон мусоидат мекунад.
Созишномаи тиҷорати озод миёни кишварҳои ИИАО ва Эрон 25 декабри соли 2023 дар Санкт-Петербург ба имзо расид. Минск интизор дорад, ки иҷрои ин тавофуқ ба содиркунандагони белорус имкон медиҳад, тавассути лағви боҷҳо интиқоли маҳсулоти худро ба бозори Эрон афзоиш диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан чунин созишномаро Владимир Путин раисҷумҳури Русия низ ба имзо расонида буд.