Дар Тоҷикистон имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ оғоз шуд

Маркази миллии тестӣ соли 2014 ба фаъолият шурӯъ кард ва аз он замон довталабон бо супоридани имтиҳонҳои дохилшавии марказонидашудаи ба донишгоҳҳо шурӯъ карданд
Sputnik
Дар Тоҷикистон имтиҳони дохилшавӣ барои довталабон оғоз шуд.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон дар яке аз мактабҳои шаҳри Душанбе ҷараёни имтиҳонсупориро акс гирифт.
1 / 9

Иштирок дар имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Тоҷикистон ихтиёрӣ аст.

2 / 9

Тибқи иттилои Маркази миллии тестӣ соли равон беш аз 94 ҳазор довталаб дар кишвар ба маркази миллии тестӣ барои дохилшавӣ ҳуҷҷат супоридаанд, ки нисбат ба соли 2023 8,3 ҳазор нафар зиёд аст.

3 / 9

Барои баргузории даври асосии имтиҳонҳо дар заминаи 45 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 20 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ марказҳои имтиҳонӣ ташкил карда шудаанд.

4 / 9

Дар 20 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ҷамъан 1150 синфхона барои баргузории имтиҳонҳо омода карда шудааст.

5 / 9

Инчунин, барои бомуваффақият гузаронидани чорабиниҳои шиносоӣ қариб 2 ҳазор нафар ба ҳайси кормандони муваққатӣ ба кор ҷалб карда шуданд.

6 / 9

Довталабон дар синфхонаҳо дар ҳар як мизе як нафарӣ нишастаанд.

7 / 9

Тибқи тартиби муқарраршудаи ҳукумат шумораи довталабон дар ҳуҷраи имтиҳон набояд аз 15 нафар зиёд бошад.

8 / 9

Ҳангоми имтиҳон бояд фазои ором ва мусоид таъмин карда шавад, зеро довталабон бояд тамаркуз кунанд.

9 / 9

Даври асосии имтиҳонҳо то 7 июл идома хоҳад кард.

Эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо (хол ва балҳои бадастовардаи ҳар яке аз довталабон ва ба озмуни тақсимот роҳ ёфтан ё наёфтани онҳо) 20 июли соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.