ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дар Ҷаласаи гурӯҳи электорати Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ, ки 1-3 июл дар Тоҷикистон баргузор гардид, таъкид кард, ки ҳукумати Тоҷикистон барои рушди иқтисоди кишвар талоши ҷиддӣ дорад.
Ҳамчунин дар ҷаласаи мазкур Вазири молия афзуд, ки суръати афзоиши Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар Тоҷикистон дар моҳҳои январ-майи соли 2024 беш аз 8 фоизро ташкил дод.
“Ба ин афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноат 10 фоиз, муомилоти моли чакана 14 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 17 фоиз, сохтмон 17,2 фоиз мусоидат кард, инчунин дигар соҳаҳо низ тамоюли мусбати афзоиш доштанд”, - таъкид кард вазир.
Оқои Қаҳҳорзода инчунин таъкид намуд, ки сатҳи таваррум дар моҳҳои январ-майи соли 2024 ҳамагӣ 1,8 фоизро ташкил дод.
Вай илова кард, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон дар солҳои охир ин суръат бахшидан ба саноатикунонии иқтисодиёт ва рақамикунонии равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар мамлакат мебошад.
Вай илова кард, ки дар ин масъала Вазорати молияи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти давлатӣ тадбирҳои маҷмӯиро андешидааст, ки онро амалӣ менамояд.