ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, операсарои маъруфи тоҷик Адҳам Холиқов дар синни 76 аз олам даргузашт, иттилоъ додааст вазорати фарҳанги Тоҷикистон.
Бинобар даргузашти Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Адҳам Холиқов раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ изҳори ҳамдардӣ баён намуда, ба наздикону пайвандони марҳум сабри ҷамил хостааст.
Адҳам Холиқов Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро соли 1970, Консерваторияи давлатии шаҳри Маскавро соли 1979 хатм карда, солҳои 1970—1980 сарояндаи ансамбли "Красная звезда"-и шаҳри Маскав, аз соли 1980 овозхони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ буд.
Маҳорати сарояндагии хешро дар Академияҳои операвии Италия сайқал додааст.
Адҳам Холиқов маҳорати баланди сарояндагӣ дар овозхонии операвии асарҳои классикии миллӣ, рус ва хориҷиро дошт. Бо иштироки ин овозхони хушсалиқа дар консерту спектаклҳо аз рӯи асарҳои композиторони тоҷик ва аврупоӣ сурудҳои операвӣ ва халқӣ дар хориҷи мамлакат садо медиҳанд.
Дар саҳнаи театр якчанд нақшҳои ҷолиб бозидааст. Дар 30 спектакли операвӣ нақш офаридааст.
Маросими ҷанозаи Адҳам Холиқов дар шаҳри Душанбе рӯзи 4 июл баргузор мешавад.