Шаҳбоз Шариф озими Душанбе шуд ва зери пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт

Сарвазири Покистон Шаҳбоз Шарифро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳамтои тоҷикаш Қоҳир Расулзода пешвоз гирифт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Шаҳбоз Шарифро Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Ба иттилои манбаъ, дар доираи ин сафар мулоқоту музокироти сатҳи баланди давлатӣ байни Тоҷикистон ва Покистон пешбинӣ гардида, доираи васеи ҳамкории дуҷониба баррасӣ мешавад.
Ҳамчунин манбаъ илова кардааст, ки дар доираи сафари сарвазири Покистон ба Тоҷикистон ба имзо расидани бастаи санадҳои байниҳукуматӣ ва байнисоҳавӣ низ дар назар аст.
“Тоҷики покистонӣ ва рафиқи Брежнев”: Даргузашти яке аз раҳбарони коммунисти Покистон
Илова бар ин тибқи барномаи сафар, Сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Сарвазири Тоҷикистон мулоқот менамояд.
Сарвазири Покистон сафари расмиашро ба Душанбе бо гузоштани гулчанбар, бар пояи муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон Исмоили дар майдони "Дӯстӣ"-и шаҳри Душанбе оғоз кард.
Дар маросими гулчанбаргузорӣ Сарвазири Покистон Шаҳбоз Шарифро шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.