Дар Душанбе ҷашни Тиргонро чӣ гуна таҷлил карданд: аксҳо аз Боғи Ирам

Ҷашнвораи борон - Тиргон яке аз қадимтарин анъанаҳои аҷдодии мардуми тоҷик аст, ки дар солҳои истиқлолияти ҷумҳурӣ дубора эҳё шудааст
Sputnik
Дар "Боғи Ирам"-и шаҳри Душанбе, ҷашни Тиргон, иди зардолу ва намоиши "Хушкмеваҳои Тоҷикистон" бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.
Бояд гуфт, ки Тиргон дар қатори ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргон ҷашни мавсимии кишоварзон буда, он ба обу замин ва ҷамъ овардани ҳосили зироатҳо робитаи мустақим дорад.