ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. “Почтаи Русия” ва ширкати “Роҳи оҳани Русия” лоиҳаҳои зиёди муштарак на танҳо барои рушди бахши роҳи оҳан дар дохили Русия, балки барои рушди иртибот бо кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) муштарак доранд.
Михаил Волков, роҳбари Почтаи Русия гуфт, ки кишвараш инчунин талош дорад ҳамкориҳои роҳи оҳан бо Чинро густариш диҳад.
Вай гуфт ин иқдом тиҷорат ва савдоро бо кишварҳои ИИАО ва Чин соддатар хоҳад кард.
"Мо дигар амалан мактуб наменависем. Албатта, одамон ба ҳамдигар чизе мефиристанд, аммо ин ҳаҷми хурд аст, онро бояд афзоиш диҳем”, - афзуд ӯ.
Дафтари матбуоти Почтаи Русия қайд кардааст, ки роҳандозии қатораҳои почта бо кишварҳои ИИАО ва Чин ҳоло тарҳрезӣ ва баррасӣ мешавад, аз ин рӯ, онҳо наметавонанд ҷузъиёти бештар диҳанд.
Иштирокчиёни бозор аз баҳо додани ин лоиҳа, ки то чӣ андоза барои кишварҳои ИИАО фоиданок аст, худдорӣ кардаанд.
Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.