ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Ширкатҳои Маскав маҳсулоти худро дар пойтахти Тоҷикистон намоиш доданд.
Рӯзи 24 июн дар шаҳри Душанбе таҳти сарпарастии Маркази содиротии Маскав намояндагони 18 ширкати пойтахти Русия маҳсулоти худро намоиш доданд.
Тавлидкунандагони маҳсулоти ғизоӣ, ороишӣ ва маҳсулоти тиббӣ маҳсулоти худро ба сокинони Душанбе муаррифӣ карданд.
Ҳамчунин дар ин намоишгоҳ тоҷирон барои тақвияти ҳамкорӣ бо соҳибкорони тоҷик маҳсулоти мухталиф дар бахши сохтмон ва хизматрасонии тиббиро низ намоиш доданд.
"Чун ҳамеша Маскав дар содирот ба Тоҷикистон мавқеи пешсафро ишғол мекунад", - иброз дошт намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон Евгений Коренков.
Ба гуфтаи ӯ, доираҳои тиҷоратии Маскав ҳамеша фаъол буда, дар чорабиниҳои дуҷониба ширкат меварзанд ва маҳсулоти ширкатҳои Маскав сол то сол дар бозори ҷумҳуриявӣ серталаб ва рақобатпазир мебошанд.
Қобили зикр аст, ки ҳиссаи Маскав дар ҳаҷми умумии содироти Русия ба Тоҷикистон беш аз 18% ташкил медиҳад.
Дар охири соли 2023 ҳаҷми содироти Маскав беш аз 23% афзоиш ёфтааст.
Рӯзҳои 24 ва 25 июн дар толори маҷлисгоҳи меҳмонхонаи "Ҳаятт Риҷенси Душанбе" ин ҳамоиши тиҷоратӣ идома меёбанд.
Моҳи июн дар шаҳри Хуҷанд Анҷумани байналмилалии соҳибкорон таҳти унвони "Суғд – водии имкониятҳо" баргузор гардид. Чорабинии мазкур бори 10-ум аст, ки баргузор мешавад. Зиёда аз 500 нафар мехмонон аз Точикистон ва кишварҳои хориҷ дар ин ҳамоиш, дар бораи пешрафти тиҷорат табодули назар карданд.