ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Шаҳрвандони Тоҷикистон аз рӯи шумораи меҳмонони ба Узбекистон воридшуда пешсаф шуданд.
Дар ин бора маълумоти Агентии миллии омори ин ҷумҳурӣ шаҳодат медиҳад.
Аз моҳи январ то моҳи май 871,5 ҳазор сайёҳи тоҷик аз Узбекистон дидан кардаанд.
Қирғизистон аз Тоҷикистон каме ақиб мондааст - 857 ҳазор нафар аз ин кишвар хоҳиши дидани Узбекистонро кардаанд ва Қазоқистон сегонаи аввалро бастааст - 498,2 ҳазор сайёҳ аз ин ҷо омадаанд.
Дар маҷмӯъ дар моҳҳои январ-майи соли 2024 беш аз 2 миллиону 800 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ бо мақсади сайёҳӣ вориди Узбекистон шудаанд.
"Теъдоди онҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 248,2 ҳазор нафар ё 9,6 фоиз зиёд шудааст", - омадааст дар гузориш.
Қаблан мақомоти Тоҷикистон ва Узбекистон таъкид карда буданд, ки рушди гардишгарӣ ба равобити ду кишвар таъсири мусбат мерасонад.