Маълум шуд, ки размоиши СПАД “Ҳудуд-2024” дар куҷои Тоҷикистон баргузор мешаванд

Машқҳои низомии кишварҳои узви СПАД "Ҳудуд-2024" дар размоишгоҳи Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон Харбмайдон баргузор мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон музокироти ситоди Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) баргузор шуд.
Дар мулоқот ҷузъиёти размоиши муштараки воҳидҳои Нерӯҳои зудамали минтақаи Осиёи Марказӣ "Ҳудуд-2024"-ро баррасӣ карданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти ин созмон хабар додааст.
Машқҳо дар тамрингоҳи низомии Ҳарбмайдони Тоҷикистон баргузор мешаванд.
Дар музокирот намояндагони вазорату идораҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, котиботи ин созмон ва як гурӯҳи афсарони Ситоди муштараки СПАД таҳти раҳбарии генерал-майор Илҳомҷон Ҳафиззода ширкат доштанд.
Шойгу: НАТО ҳамла ба кишварҳои СПАД-ро тамрин мекунад
"Дар рафти музокироти ситод тартиби гузарондани ҷамъомади оперативӣ бо ҳайати фармондеҳии нерӯҳои зудамали ҷумҳуриҳои Африқои Марказӣ ва консепсияи тамринҳои низомӣ, муҳлат ва тартиби омадани гурӯҳҳои сарбозони кишварҳо, тартиби гузарондани амалиёти амалӣ, инчунин масъалахои ташкили дастгирии хамачонибамувофиқа карда шуданд", — иттилоъ додааст манбаъ.
СПАД ҳамчунин тавзеҳ додааст, ки Нерӯҳои зудамал барои таъмини амнияти низомии кишварҳои узви СПАД, аз ҷумла ширкат дар рафъи таҷовузи низомии берунӣ ва баргузории амалиёти муштараки зиддитеррористӣ пешбинӣ шудаанд.