Эрон тавофуқномаи тиҷорати озодро бо ИИАО тасвиб кард

Ин санад миёни давлати Эрон ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар авохири соли гузашта ба имзо расида буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Ҳукумати Эрон созишнома дар бораи ташкили минтақаи озоди тиҷоратӣ миёни Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Эронро ба тасвиб расонд.
Иттилоъ додааст хабаргузории “Форс” дар истинод ба Алӣ Баҳодури Ҷаҳромӣ, намояндаи расмии Девони вазирони Эрон.
"Девони вазирон лоиҳаи созишномаи тиҷорати озод байни кишварҳои ИИАО ва Эронро таъйид кард", - гуфт Ҷаҳромӣ.
Созишнома дар охири моҳи декабри соли гузашта ба имзо расида буд. Қаблан ин паймон аз ҷониби Арманистон низ ба тасвиб расида аст.
Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ИИАО идома дорад
Эрон барои дарёфти мақоми нозир дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) дархост карда буд.
Айни замон Арманистон, Белорус, Қозоқистон, Қирғизистон ва Русия шоми ИИАО мебошанд. Узбекистон, Куба ва Молдова дар ин иттиҳод мақоми нозирро доранд.