Вазири беҳдошти Эрон: доруҳои моро дар Тоҷикистон 20 баробар гарон мефурӯшанд

Мақомоти Эрон мегӯянд, ки дар дорухонаҳои Тоҷикистон доруҳои сохти ин кишвар ба маротиб гарон фурухта мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 июн – Sputnik. Вазири беҳдошти Эрон Баҳроми Айнуллоҳӣ ахиран аз қимат фурухтани доруҳои эронӣ дар дорухонаҳои Тоҷикистон таъкид кард, иттилоъ додааст сомонаи "ПарсТодей"
“Худам дар дорухонаҳои Тоҷикистон дидам, ки доруи моро ба 20 баробари қимат мефурӯшанд”, - гуфт вазири эронӣ.
Оқои Айнуллоҳӣ бо интиқод аз адами диққати кофӣ дар тақсими арзи тарҷеҳӣ ва қочоқи доруҳои эронӣ ба хориҷ аз марзҳои Эрон гуфт, бояд рӯи масъалаи қочоқи дору контроли бештаре сурат бигирад.
Арзи давлатӣ ё ҳамон арзи тарҷеҳӣ ба арзе гуфта мешавад, ки давлати Эрон онро дар маркази мубодилоти арзӣ ҷиҳати воридоти ақломе аз колоҳои асосӣ тавзеъ мекунад то ин колоҳо бо қимати муносибтар ба дасти масрафкунандагон бирасад.
Эрон: Зарфиятҳои мо дар заминаи нақшабардорӣ дар ихтиёри Тоҷикистон қарор мегирад
Қаблан собиқ сафири Эрон дар Душанбе Муҳаммадтақии Собирӣ гуфта буд, ки барои осон шудани вуруди дорӯ аз Ҷумҳурии Исломӣ ба Тоҷикистон бояд доруҳое, ки дар Эрон тайид ва муҷавиз доранд ба ҷумҳурӣ ворид шаванд.
“Пешниҳоди ман ин аст, ки дар ҳамин сафар тафоҳум шавад дорӯҳое, ки дар Эрон тайид шуда ва дороӣ муҷавиз ҳастанд дигар ниёз ба тайиди муҷаддад дар кишвари Тоҷикистон надошта бошанд”, - таъкид кард сафири Эрон дар Душанбе.
Вай илова кард, ки бо ин тамҳидот ҳам қимати дорӯ поин меояд ва ҳам замони дастрасӣ ба дорӯ коҳиш меёбад.
Собирӣ ҳамчунин афзуда буд, ки яке аз мушкилоте, ки воридкунандагони дору ба Тоҷикистон гуфтаанд, ин тай кардани замонҳои тулонӣ ва баъзан 6 моҳа барои хуруҷи дору аз расмиёти барзиёди мавҷуд ва гирифтани иҷозатномаҳост.