Ҳавзаи дарёи Панҷ таҳти назорат: чаро?

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон минтақаҳои наздисарҳадии ҳавзаи дарёи Панҷро дар вилояти Хатлон таҳти назорат қарор додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. То 29 июн дар навоҳии марзии вилояти Хатлон бо Афғонистон санҷиши манобеи обии боз гузаронида шуда, ҳолатҳои бистаришавии аҳолӣ бо бемориҳои дарунравии гуногун таҳти назорат қарор дода мешаванд.
Дар ин бора муовини сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии ҷумҳурӣ, Наврӯз Ҷаъфаров, ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
Ҷаъфаров тавзеҳ дод, ки соли гузашта дар Афғонистон густариши маризии вабо (холера) ба ҳадди хатарноке расида, теъдоди зиёди сокинони он кишвар ба ин маризӣ гирифтор шудаанд.
Тасвиби созишнома: дар Тоҷикистон заводи бузурги тиббӣ сохта мешавад
“Ин маризӣ ба вилоятҳои Балху Кундуз ва Тахору Бадахшон, аз ҷумла манотиқи марзӣ бо Тоҷикистон низ расид”, - гуфт ӯ.
Вай афзуд, аз ин хотир, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ як барномаро рӯи даст гирифт, ки бино ба он, аз 3 июн то 29 июн дар навоҳии марзии вилояти Хатлон бо Афғонистон санҷиши манобеи обии боз гузаронида шуда, ҳолатҳои бистаришавии аҳолӣ бо бемориҳои дарунравии гуногун таҳти назорат қарор дода шуданд.
“Таҳлилу таҷзия мекунем, ҳам намунаи об ва ҳам фазла ё наҷосатро ба таҳқиқ мегирем. Панҷ дарёи муштарак аст, агар селобҳо ягон маҳалли зист, масалан, рустоҳои марзӣ аз Афғонистонро канда, ба дарё андозанд, эҳтимоли пеш омадани чунин хатарҳо вуҷуд дорад”, - гуфт масъули беҳдошт.
Вай афзуд, ҳоло оби дарёи Панҷро дар минтақаҳои наздимарзӣ бо иттифоқи мутахассисони Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои карантинии вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ шадидан таҳти назорат қарор додаанд.
Тибқи иттилои Созмони ҷаҳонии беҳдошт, соли 2023 дар Афғонистон 230 ҳазор маврид, баландтарин мизони сирояти мардум ба вабо сабти ном шуд, ки дар пайи он 109 нафар ҷони худро аз даст доданд.
Тоҷикистон қасд дорад аз Тотористон дору бихарад
Дуввумин кишваре, ки мизони баланди гирифторӣ ба вабо сабт шудааст, Сурия бо беш аз 180 ҳазор мавриди гирифторӣ ва 7 мавриди марг аст.
Дар умум соли гузашта 30 кишвар аз мавориди гирифторӣ ба вабо ба Созмони ҷаҳонии беҳдошт ҳисобот фиристодаанд, ки беш аз 98% - и онҳо ё 447 ҳазор маврид дар 7 кишвар, ба ҷуз Афғонистону Сурия, дар Ироқ, Покистон, Сомали, Судон ва Ямани Ҷанубӣ, кишварҳои дар ҳоли ҷангу ноамн, сабт шудаанд.
Тоҷикистон дар ҷумлаи кишварҳое, ки дар онҳо мавориди гирифторӣ ба вабо сабт шуда бошад, нест.