ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Намояндаи Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии "Содирот ба кишварҳои ИИАО" иштирок кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти Комиссияи иқтисодии Авруосиё хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар чорабинӣ ҳамчунин намояндагони Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва минтақаҳои ҳавзаи федералии Сибири Русия низ ширкат доштанд.
Коршиносон масоили дастгирии ширкатҳои содиротӣ, таҷрибаи вилояти Новосибирск дар содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва саноати илмию технологиро баррасӣ карданд.
"Вилояти Новосибирск бузургтарин маркази нақлиётию логистикии берун аз Урал аст, ки онро роҳҳои тиҷоратии ба самти Шимол-Ҷануб ва Ғарб-Шарқ ба ҳам мепайвандад. Бо Қазоқистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ роҳи автомобилгар ва роҳи оҳан мепайвандад", - изҳор дошт губернатори вилоят Андрей Травников.
Ба гуфтаи ӯ, ин минтақа аз рӯи гардиши мол дар Русия дар ҳавзаи федеролии Сибир ҷои аввалро ишғол намуда, дар қатори панҷ минтақаи пешрафтаи Русия дар самти ҳамлу нақли роҳи оҳан қарор гирифтааст.
Минтақа бо 132 кишвари ҷаҳон тиҷорат мекунад, ки 20% табодули коло ба кишварҳои ИИАО рост меояд. Ҷойи дувумро Қазоқистон ва ҷои чаҳорумро Беларус касб кардаанд.
Тибқи иттилои Росстат, дар вилояти Новосибирск 325 корхонаи муштарак бо кишварҳои ИИАО фаъолият доард.