Путин мусалмонони Русияро бо иди Қурбон шодбош гуфту тавсиф кард

Роҳбари Русия гуфт, ки созмонҳои мусалмонӣ дар мустаҳкам намудани иттиҳоди мардуми кишвар ҳифзи ваҳдати байни миллатҳо саҳми калон мегузоранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин мусулмонони кишварро бо иди Қурбон табрик гуфта, саҳми созмонҳои мусалмониро дар ваҳдати мардум, рушди муколамаи байни миллатҳо ва мазҳабҳоро қайд кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кремл хабар дода, афзуд, ки Путин аз саҳми мусалмонон дар ҷомеаи Русия тавсиф намуд.
"Мусулмонони Русияро бо фарорасии иди Қурбон самимона табрик мегӯям, ин ид барои ба ҳам наздик кардани мардум, пойдор сохтани ормонҳои шафқат, адолат ва эҳтиром хизмат мекунад. ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва умқи арзишҳои пояндаи маънавии исломро ошкор месозад", - гуфтаст Путин.
Раҳмон гуфт қурбонӣ кардан ба кӣ воҷиб аст
Раисҷумҳури Русия боиси хушнудӣ хондааст, ки ҳаёти уммати мусулмони кишвар, бо кору иқдоми нек, ташаббусҳои нав дар соҳаи фарҳанг, маориф ва маърифат ғанӣ мегардад.
Ба гуфтаи президент, созмонҳои мусалмонӣ дар ҳаёти кишвар, дар татбиқи ташаббусҳои оммавии ватандӯстӣ, тарбиявӣ ва хайриявӣ ширкат меварзанд.
Бо сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ самарабахш ҳамкорӣ мекунанд, ба тарбияи насли наврас таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа медиҳанд, иштирокчиёну собиқадорони амалиёти вижаи низомиро дастгирӣ мекунанд, афзуд ӯ.
Роҳбари Русия илова намуд, ки созмонҳои мусалмонӣ инчунин дар мустаҳкам намудани иттиҳоди мардуми кишвар ҳифзи ваҳдати байни миллатҳо саҳми калон мегузоранд.