Иди Қурбон дар Русия ба ривояти тасвир

Намози иди Қурбон субҳи барвақт дар масҷиди ҷомеаи Маскав ва хиёбонҳои атрофи он ҳазорҳо мусалмон, аз ҷумла муҳоҷирон аз Тоҷикистонро гирди ҳам овард
Sputnik
1 / 9

Масҷиди ҷомеаи Маскав на ҳамаи хоҳишмандонро ғунҷонд ва бинобар ин бисёре аз намозгузорон ибодати идонаро дар ҷодаҳои атрофи масҷид анҷом доданд.

2 / 9

Намозгузорон мавъизаи идонаро шунида, намоз гузоштанду ҳамдигарро бо фарорасии иди Қурбон шодбош гуфтанд.

3 / 9

Намози иди Қурбон дар Иди Қурбон дар пойтахт ва вилояти Маскав тибқи нақшаи мувофиқашуда бо мақомот баргузор мешавад, гуфт муфтиёти Русия.

4 / 9

Намози ид дар ҳамаи масоҷиди Маскав, аз ҷумла дар масҷидҳои ҷомеъ, ёдбудӣ ва таърихии пойтахт баргузор гардид.

5 / 9

Дар ин миён муҳоҷирони тоҷикистонӣ, ки шумораашон дар шаҳру вилоёти Русия садҳо ҳазор нафар арзёбӣ мешавад, дар намози идона иштирок намуданд.

6 / 9

Намози иди Қурбон дар Дар иди Азҳо ё Қурбон мусалмонони тавонманд чорвоеро қурбонӣ мекунанд

7 / 9

Иди Қурбон пас аз 70 рӯзи Иди Рамазон фаро мерасад.

8 / 9

Дуову фотиҳа дар ҳаққи гузаштагон аз ҷумлаи фазилатҳои дигари иди Қурбон мебошанд.

9 / 9

Ҳамчунин мусалмонон баъди намоз одатан меҳмони ҳамдигар мешаванду идро шодбош мегӯянд.